9 марти соли равон дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор” тренинг дар мавзуи “Санъати суханварӣ ҳамчун формулаи муваффақият дар ҳаёт” гузаронида шуд. Тренингро  тренери ҷавон Муҳаммадҷон Шарипов гузаронд.

Тренинг бо тамошои видеоролики кутоҳ “суханронии адвокат”, ки порчае аз филми “Лжец-лжец” гирифта шудаст, оғоз гардид. Баъди муҳокимаи видеоролики мазкур ва суханронии адвокат, тренер ҳикоятеро аз “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ, ки дар бораи нақши сухан ва саханварӣ дар ҳаёти инсон ва муваффақиятҳои ӯ мебошад, гуфта гузашт. Баъдан иштирокчиёнро ба ду гуруҳи баробар тақсим карда, бозӣ гузаронд. Мақсади асосии бозии мазкур ин нишон додан ба иштирокчиён, ки тайёр намудани баромад ва тайёрӣ ба он хело муҳим мебошад.

Иштирокчиёни тренинг хело фаъолона дар он ширкат варзида ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Онҳо 4 қоидаи тиллоиеро, ки бояд ҳар суханвар донад ва риоя намояд аз худ намуданд ва инчунин усулҳои кам кардани тарс ва ҳаяҷон шинос шуданд. Инчунин, бо яке аз формулаҳои шахсони муваффақ ва суханварони ҷаҳон шинос шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here