Ҷавонони ташаббускор: банақшагирии чорабиниҳои минбаъда ва муаррифии бозии “ЧГК” (чӣ? дар куҷо? кай?)

0
304

18-уми март дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, гуруҳи “Ҷавонони ташаббускор” ҷамъ омада оиди банақшагирии чорабиниҳои минбаъда ба масъулини ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” пешниҳоду дархостҳо намуданд.

Пас аз маслиҳат, аз ҷониби як волонтёри фаъоли Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ Тимур Шарипов силсила бозиҳои интелектуалии “ЧГК” что? где? когда? (чӣ? дар куҷо? кай?) бо слайдҳо муаррифӣ карда шуд.

Минбаъд ҳар ҳафта рузи сешанба дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бозии интелектуалии “ЧГК” баргузор мегардад.

Бозии мазкур бо мақсади баланд бардоштани дониши ҷавонон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо равона гардидааст.

“Маркази рушди ҷавонон” чист ва чи гуна имкониятҳо дорад?

“Маркази рушди ҷавонон” дар назди кадом ташкилот таъсис дода шудааст?

Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” 18-уми октябри соли 2013 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, дар асоси Оиннома фаъолият бурда истодааст. Ҳамчунин филиали ташкилоти мазкур бо номи Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда, аз 16-уми июни соли 2016 дар Раёсати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз қайди давлати гузашта дар асоси Низомнома фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Дар назди Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва Филиали он дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд “Марказҳои рушди ҷавонон” таъсис дода шудааст, ки марказҳои номбурда маҳз барои мусоидат намудан барои пешрафти ҷавонон равона гардида, барои ҷавонон имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

  • Семинар-тренингҳо
  • Бозии мурофиаи судӣ
  • Мубоҳиса (Дебат)
  • Бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ
  • Озмунҳо
  • Вохӯрӣ бо шахсони пешқадами ҷомеа
  • Ташили коромӯзӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ
  • Аксияҳо
  • Лагер барои иштирокчиёи фаъол
  • Дигар чорабиниҳо

Ба ғайр аз ин дар Марказҳои рушди ҷавонон ҳар гуна китобҳо, компютерҳои бо интернет пайваст, принтер ва дигар таҷҳизотҳо мавҷуд аст, ки маҳз барои истифодаи ҷавонон омода карда шудааст. Ҷавон метавонанд берун аз вақти дарсӣ ба марказҳо ташриф оварда аз имкониятҳои марказ самаранок истифода баранд.

Киҳо ба “Маркази рушди ҷавонон” ташриф оварданашон мумкин аст?

Он шахсоне ба “Марказ рушди ҷавонон” ташриф оварда метавонанд, ки аввал бояд хоҳиш дошта бошанд, фаъол бошанд ва ё фаъол шуданро хоҳанд.

Марказиҳои рушди ҷавонон дар куҷо ҷойгир аст?

 “Марказҳои рушди ҷавонон дар шаҳри Душанбе:  ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, утоқи 523

Телефон +992(93)3331703

“Марказҳои рушди ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд: Вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 183 а, ҳуҷраи 8 а

Телефон +992(93)3331803

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here