Клуби мубоҳисаи “DC (DEBATE CLUB)”, ки дар назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз ҷоиби як волонтёри фаъоли Ташкилот таъсис дода шудааст, имрӯз дар мусобиқаи мубоҳиса боарои дарёфти “Ҷоми ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ-2019” ҷои якумро ишғол намуд.

 

 

 

Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби Ташкилоти хурди қарзии ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ аз 25-ум то 27-уми март ташкил карда шудааст.

Дар мусобиқа 11 даста байни ҳам қувваозмои намуда, дастаи DC (DEBATE CLUB), ки иборат аз Шарипов Тимур ва Маҳмудова Саиднисохон буд ҷои якумро ишғол намуданд.  Дар охир ғолибон бо “Ҷоми ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ-2019”, сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар мусобиқа ҳамчунин дигар иштирокчиёни DC (DEBATE CLUB) Джабборов Шамшод, Нозимова Сайфурахон ва Охунҷонов Сӯҳроб иштирок намуда, баҳри баланд бардоштани номи DC (DEBATE CLUB) кушишҳо намуданд

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here