Имруз, 2-уми апрели 2019, дар “Маркази рушди ҷавонон“-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бозиҳои ителектуалии “ЧГК (что? где? когда?)” (чӣ? кай? дар куҷо) ташкил ва гузаронида шуд.

Бозии мазкур бо иштироки васъи гуруҳи “Ҷавонони ташаббускор” роҳандозӣ гардида дар он ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд.

Бозии мазкур бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, маҳорати суханварӣ, фикронии зуд ва бо далел ва гирифтани донишҳои нав ташкил карда шудааст.

Бозӣ ҳар ҳафта рузи сешанбе, соати 15:00 дар “Маркази рушди ҷавонон“-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташкил карда мешавад, ки Шумо низ иштирок карда метонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here