Санаи 03 апрели соли ҷори дар “Маркази рушди ҷавонон”-и дар назди Филиали “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, тренинг дар мавзӯи “Муҳоҷирати меҳнатӣ ва алоқамандии он бо хариду фурӯши одамон” гузаронида шуд. Тренинг аз ҷониби тренер Мӯминов Назарҷон бо методҳои интерактивӣ доир карда шуд.                                                                                                                                      Дар рафти тренинг  Тренер ба иштирокчиён оиди мафҳуми муҳоҷират, намудҳои муҳоҷират, субъектони муҳоҷират, тарзи қонунии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар Федератсияи Руссия, Мафҳуми хариду фурӯши одамон тибқи қонунгузории ҶТ, намудҳои хариду фурӯши одамон, ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон, Мақомот ва ташкилотҳои мубориза баранда бар зидди савдои одамон ва ҷавобгариҳо барои содир намудани чунин  намуди ҷиноят тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои мухтасар дод. Инчунин доир ба муҳоҷират ва мубориза бар зидди савдои одамон ролики иҷтимоӣ намоиш дода шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here