Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ 30 марти соли равон тренинг оид ба мавзуи “Ҳуқуқи инсон” баргузор гардид. Дар тренинги мазкур волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор”-и ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва инчунин хоҳишмандон иштирок намуданд. Тренинги мазкурро сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, беҳтарин “Ҳомии ҳуқуқ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 – Дилрабо Самадова гузарониданд.

Дар тренинг мавзуҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон, принсипҳои он, тасниф аз рӯи соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар бар гирифта шуд.  Тренинг ба тарзи интерактивӣ гузаронида шуда, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавоби пурраву саҳеҳ гирифтанд.

Бояд қайд кард, ки тренингҳо оид ба ҳуқуқи инсон ҳар ҳафта дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” гузаронида мешавад.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here