Аз санаи 10-ум то 20-уми апрели соли равон, Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “10-рӯзи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.

Мақсади чорабиниҳо:

Тарбияи аҳолӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳиссӣ волонтёрӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фаъолгардонӣ, ҷалби ҷомеа ба фаъолияти эҳсонкориву ҳифзи табиат ва муттаҳиднамоӣ мебошад.

Кадом чорабиниҳо?

-тренингҳо;

-вохӯрӣ бо шахсони пешқадами ҷомеа;

-мастер класс;

-аксияҳои хайриявӣ;

-аксияҳои экологӣ;

-аксияҳои тарғиботӣ;

-бозиҳои варзишӣ ва ғайра.

Чорабиниҳо дар куҷо баргузор мегардад?

Дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд хиёбони И.Сомонӣ 183 а, утоқи 8 а ҷойгир аст, баргузор мегардад.

Дар чорабиниҳо киҳо иштирок карда метавонанд?

Дар аксияҳо ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Дар дигар чорабиниҳо бошад шахсоне иштирок карда метавонанд, ки иштирокчии лоиҳаи “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бошанд.

Чӣ тавр иштирокчии лоиҳа шудан мумкин аст?

-Ариза ба унвони Директори ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”;

-Созишнома бо Директори ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”;

-Нусхаи шиноснома. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба рақами 92 822 82 62 ва 98 775 10 05 занг занед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here