Хотиррасон мешавем Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз санаи 10- ум то 20-уми апрел “10-рӯзи ташаббус, таълим ва иаҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон эълон кардааст. Имрӯз, 12-уми апрел рӯзи сеюми чорабиниҳо мебошад. Дар ин рӯз аз ҷониби корманди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ҳуқуқшинос Назарҷон Мӯминов тренинг оиди “Пешгирии зӯровари дар оила” гузаронида шуд. Дар вақти тренинг Мӯминов ба ҳозирин оиди мафҳуми зӯроварӣ, субъектҳои зӯроварӣ дар оила ва ҷабрдидагон, ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои содир кардани зӯроварӣ дар оила тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонид.
Пас аз тренинг аз ҷониби волонтёри Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ- Шарипов Тимур мастер класс оиди сохтани видео-ролик гузаронида шуд. Айни ҳол иштирокчиён ба гурӯҳ муттаҳид шуда як видеои иҷтимоӣ таҳия намуда истодаанд, ки видео-ролики мазкур баҳри пешгирии зӯрооварӣ дар оила равона гардидааст. Видео-ролики мазкурро пас аз чанд рӯз пешниҳоди Шумо мегардонем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here