Нисбати муҳити зисти худ бетараф набошед!
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар доираи барномаи чорабиниҳои “10-рӯзи ташаббус таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон, санаи 17-уми апрели соли равон аксияи “Якҷоя муҳитро ҳифз мекунем”-ро ба нақша гирифтааст, ки аксияи мазкур иборат аз тоза намудани партовҳои маишии атрофи ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр мебошад.
Аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ҷойҳои ҷамъиятии ҳудуди шаҳри Хуҷандро, ки олудаи партовҳои маишӣ мебошад акс (сурат) гирифта бо навиштаҷоти #муҳитро_ҳифз_мекунам #защищаю_окружаюшую_среду то санаи 15-уми апрел дар Фейсбук гузоред. Мо яке аз он ҷойҳоро интихоб мекунем ва партовҳои он ҷойро тоза мекунем. Пеш аз ба ҷои тозакунӣ рафтан мо тавассути Сомонаи расмии Ташкилот ва Саҳифаҳои расмии Ташкилот дар Фейсбук ва Инстаграм ба Шумо хабар медиҳем, ки Шумо низ метавонед дар аксия иштирок намуда барои ҳифзи муҳити зисти худ саҳми худро мегузоред.
Дар ин рӯз Шумо низ метавонед ташаббус нишон дода новобаста аз мо ягон ҷои муайянеро (маҳалли зисти худро) интихоб намоед ва тоза намуда бо навиштаҷоти #муҳитро_ҳифз_мекунам #защищаю_окружаюшую_среду дар Фейсбук гузоред, ки дар ин ҳолатҳам Шумо иштирокчии аксия эътироф мегардед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here