Санаи 5 апрели соли равон дар кинотеатри “Ватан”-и ш.Душанбе аз тарафи ташкилоти ҷамъияти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аксияи хайриявии “Ояндаи онҳо аз мо вобаста аст” баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 130 нафар тамошобин иштирок карданд. Дар доираи аксияи мазкур намоиши расмҳо, ки ба мавзуи “озодии инсон” бахшида шуда буд ба намоиш гузошта шуд. Баъди он иштирокчиён филми “55 қадам” (55 steps)-ро тамошо карданд.  Дар намоиш инчунин волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор”-и ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” маҳсулоти ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта буданд. Маблағи ҷамъшуда аз чиптаи даромади филм ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастии волонтёрон ба дастгирии хонандагон ва хатмкардагони мактаб-интернатҳои Тоҷикистон равона карда мешавад.

Дар аксияи хайриявии “Ояндаи онҳо аз мо вобаста аст” дар умум 3436 сомонӣ ҷамъ гардидааст.

Аз маҳсулоти ҳунарҳои дастии волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор”-и ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” (расмҳо, дастпона, армуғонҳои гуногун) 440 сомонӣ. Аз фуруши чиптаҳои даромад ба филм 2400 сомонӣ ва дар қуттии хайриявие, ки дар толори намоиш гузошта шуда буд, 596 сомонӣ ҷамъ гардидааст.

Ташаккур, ки дар аксияи хайриявиамон иштирок намудед ва кӯмак расонидед!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here