Имрӯз дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд тренинг оид ба мавуи “Ҳифзи муҳити зист ва аҳамияти он ба ҳаёти инсон” баргузор гардид. Тренинг аз ҷониби Мамадов Икром Директори Ташкилоти Ҷамъиятии “Гуруҳи Ҷавонон оид ба Ҳифзи Муҳити Атроф” гузаронида шуд. Дар вақти тренинг ҳозирин фаъолона ширкат намуда бо тренер саволу ҷавобҳо намуданд.

Тавре эълон намуда будем, имрӯз санаи 15-уми апрел соати 16:00 пас аз тренинг дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд филми 55-қадам ба намоиш гузошта шуд. Бинандагон аз тамошои филм то андозае ба худ таъсироти хуб гирифтанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here