Вохӯрӣ бо шахси пешқадами ҷомеа. Аксия: Ман волонтёр мешавам!

Санаи 16-уми апрели соли равон, дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии”Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо шахси фаъол ва пешқадами ҷомеа, Музаффар Бобоҷонов баргузор гардид. Бобоҷонов коршинос, ҳуқуқшинос. Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Иттифоқи волидайни сарбозон” ва раиси ТҶ “Ҷамъияти ҷабрдидагон аз минаҳо ва дигар мухимоти тарканда”-и вилояти Суғд, дорои собиқаи хизматии 31 сола дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва рутбаи полковник мебошад. Бобоҷонов ба ҳозирин ҳам аз нуқтаи назариявӣ ва ҳам амалиявӣ волонтёр ва саҳми онро дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ фаҳмонид.

________________________________________________________________________
Пас аз вохӯрӣ тибқи нақша чорабиниҳои “10-рузи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон аксияи хайриявӣ таҳти унвони “Ман волонтёр мешавам!” баргузор гардид, ки дар аксия аз ҷониби волонтёрони гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор”- и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” маводҳои тақсимотӣ оиди волонтёр ва фаъолияти волонтёрӣ дар кӯча ва Боғи ба номи Камоли Хучандӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here