Аксияи хайриявӣ таҳти унвони “ДАСТИ МАДАД” бо мақсади дастгирии Шаҳбол Мирзоев, аз ҷониби “Ҷавонони ташаббускор”-и Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, дар Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба нақша гирифта шудааст.  Дар аксияи мазкур аз ҷониби “Ҷавонони ташаббускор” чизҳои сохта шуда ба монанди: Дастбанд (Браслет), ҳамён (Кошелек) бозичаҳои гуногун ба фурӯш бароварда мешаванд ва инчунин бозиҳои шавқовар гузаронида мешаванд.  Маблағи аз фурӯш ба даст оварда шуда ба табобати Шаҳбол Мирзоев сарф карда мешавад.                                                                                             Бо харидории як дастбанд ва ё дигар чизҳои ба фурӯш баровардаи “Ҷавонони ташаббускор” Шумо ба  Шаҳбол кӯмак мерасонед.

Якқатра кӯмаки Шумо дарё хоҳад шуд.

Аксияи хайрияви санаи 20-уми апрели соли 2019, соати 17:00 дар Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here