Имрӯз аз ҷониби гуруҳи волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор” – назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии”Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Аксияи хайриявии сайёр таҳти унвони “Дасти мадад” дар ҳудуди бозори марказии Панҷашбе гузаронида шуд. Дар аксия гурӯҳи волонтерон бо истифода аз қуттиҳои хайриявӣ маблағ ҷамъ намуданд, ки он ба табобати Шаҳбол Мирзоев равона мегарданд. Оиди маблағҳои ҷамъшуда баъди ба итмом расидани аксия хабар медиҳем.

Тавре хабар дода будем пагоҳ яъне санаи 20 – уми апрел, соати 17:00 дар Боғи ба номи Камоли Хучандӣ давоми аксияи хайриявии “Дасти мадад” баргузор мегардад. Имрӯз як қисми волонтёрон барои ба фурӯш гузоштани чизҳои омоданамудаашон дар “Маркази рушди ҷавонон” и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” омодагӣ диданд.
Ёдовар мешавем, аксияи мазкур аз ҷониби Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар доираи нақша чорабиниҳои “10-рузи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади кӯмак ба @Шаҳбол Мирзоев гузаронида шуда истодааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here