Тавре пештар хабар дода будем, Филиали Ташкилоти ҷамъиятии”Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд барои табобати Шаҳбол Мирзоев аксияи хайриявии “Дасти мадад” эълон намуда буд, ки аксияи мазкур бояд санаи 20-уми апрел дар Боғи ба номи “Камоли Хуҷандӣ” баргузор мешуд.

 

 

Гурӯҳи волонтерони “Ҷавонони ташаббускор” – и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба борон нигоҳ накарда дар аксия саҳми беназири худро гузоштанд. Аксияи хайриявии мазкур иборат аз ду қисм: фурӯши чизҳои омоданамудаи волонтёрон ва ҷамъ намудани маблағ ба воситаи қуттиҳои хайриявӣ буд.

Як қисми гурӯҳи волонтерон ба фурӯши чизҳои омоданамуда машғул буданд, қисми дигар бо истифода аз қуттиҳои хайриявӣ ба ҷамъ намудани маблағ машғул шуданд.
Бинобар сабаби боришоти борон, дар ҳудуди Боғ меҳмонон кам буданд, вале гурӯҳи волонтёрон бо истифода аз усулҳои гуногун диққати онҳоро ба аксия ҷалб намуданд.
Барои бозҳам зиёдтар кӯмак намудан ба Шаҳбол волонтёрон хоҳиш доранд пас аз тамом шудани боришоти ҳудуди шаҳри Хуҷанд аксияи хайриявии сайёрро давом диҳанд.
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ба кули истиқоматкунандагон ва шаҳрвандон барои хайри кардаашон ва харидани чизҳои ба аксия гузошташуда миннатдории худро баён мекунад.
Ҳамчунин барои гузоштани саҳми арзанда дар ташкили аксия ба маъмурияти Боғи ба номи “Камоли Хучандӣ” ва гурӯҳи волонтёрон изҳори сипоси беандоза менамояд.
Пас чанд вақт оиди маблағҳои ҷамъшуда ва супоридани он ба Шаҳбол хабар медиҳем.
Ёдовар мешавем аксияи мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои “10-рузи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here