Хотиррасон мешавем, ки аз санаи 10-ум то 20-уми апрели соли равон Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд силсила чорабиниҳои “10-рӯзи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон эълон намуда буд.

Тибқи нақша-чорабинии 10-рӯзаи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, санаҳои 10-20-уми апрели соли ҷорӣ якқатор чорабиниҳои таълимӣ ва таҷрибавии зерин гузаронида шуд:

  • Тренингҳо дар мавзӯҳои “Фаҳмиши ҳуқуқи инсон”, “Ҳуқуқи истифода ва дастрасӣ ба интернет”, “Зуроварӣ дар оила ҳамчун поймолкунии ҳуқуқи инсон”, “Ҳифзи муҳити зист ва аҳамияти он ба ҳаёти инсон”, “Волонтёрӣ ва саҳми он дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон” ва “Фаъолияти эҳсонкорӣ: аҳамияти он ба беҳгардонии вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии инсон”;
  • Аксияҳо: аксияи хайриявии таҳти унвони “Дасти мадад”, аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Ман волонтёр мешавам”, аксияи экологӣ таҳти унвони “Муҳитро якҷоя ҳифз мекунем”;
  • Чорабиниҳои дигар: Омӯзонидани мақоланависӣ ва кашидани расм дар мавзӯи “Фаҳмиши ҳуқуқи инсон”, Пурсиш байни ҷавонон оиди “Муайян намудани вазъи истифодаи интернет байни ҷавонон”, мастер класс оиди “Сохтани видео-ролик дар мавзӯи пешгирии зуроварӣ дар оила”, Форт-боярд бо унсурҳои ҳуқуқи инсон, Намоиши филми “55-қадам” ва.ғ.

Ёдовар мешавем чорабиниҳои мазкур бо мақсади тарбияи аҳолӣ дар руҳияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳиссӣ волонтёрӣ, эҳтирироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, фаъолгардонӣ, ҷалби ҷомеа ба фаъолияти эҳсонкориву ҳифзи табиат гузаронида шудааст.

Дар вақти ҷамъбасти чорабиниҳо фаъолияти 10-рӯзаи иштирокчиён ёдоварӣ шуда, ҳамзамон ба фаъолони чорабиниҳо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуд.  Ҳарруз ба иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо “Дошкоин” дода мешуд, ки бо флеш-карта, дафтар, ручка, қалам ва дигар лавозимотҳои конселярӣ онро иваз кардан мумкин буд. Дар охир дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд MediaShop ташкил карда шуд, ки иштирокчиён бо ивази “Дошкоин”-ҳо чизҳои лозимаашонро гирифтанд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ба тренерон ва шахсоне, ки барои гузаронидани чорабиниҳо саҳмгузор буданд миннатдорӣ баён мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here