“Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд”. Моддаи 1 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи созмонҳои байналхалқӣ ҳама санадҳои ҳуқуқиро вобаста ба ҳуқуқи инсонро эъритоф намуда ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эълон намудааст. Тибқи муқаррароти моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро ӯҳдадор намудааст, ки дар фаъолияти худ пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба назари эътибор гирифта, риоя ва иҷрои онҳоро таъмин намоянд.

Давлат инсонро дар маркази ҳама гуна манфиатҳо қарор дода, муҳимтарин рукнҳои зоҳирёбии инсон – ҳуқуқу озодиҳоиҳро арзиши олӣ эътироф намудааст. Зеро бе арзиши олӣ эълон намудани инсон таъмини волоияти қадру манзалати он имконнопазир аст. Таъмини волоияти мақоми инсон дар ҷомеа танҳо дар натиҷаи риояи волоияти ҳуқуқу озодиҳо ва иҷрои масъулияти қонунӣ имконпазир мегардад. Давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф дошта, ба мақомоти давлатӣ масъулияти таъмини онро вогузор менамояд, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ҳимояи ҳуқуқи озодиҳои инсонро ҳамчун маҳаки марказӣ ворид намуда, дигар усулу принсипҳоро дар атрофи он муттаҳид сохтааст. Аз ин хотир, ҳамаи ҳуқуқҳои инсон, ки аз лаҳзаи таваллуд то дами марг барои мавҷудияти инсон шарт ва заруранд, дар Конститутсия ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуда, бо меъёрҳои Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ муқаррар ва ҳифз гардидаанд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда онҳо дар  Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои байналхалқие ки Тоҷикистн эътироф намудааст инъикос намуда иҷроиши онҳоро кафолат медиҳад. Дар асоси талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванддар ҳамон ҳолат ҷоиз аст, ки ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохтори конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста шавад.

Яке аз принсипҳои асосии таъмини кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар пешбрди парвандаи ҷиноятӣ ин эҳтимолияти бегуноҳии шахс ба ҳисоб меравад. Эҳтимолияти бегуноҳӣ қоидаи дар қонунгузорӣ пешбинишудае мебошад, ки мувофиқи он мавҷуд будан ё набудани ҳолати воқеа, ҳодиса то мавриди бо далелҳо тасдиқ ё рад нашудани онҳо, аз рӯи хулосаи эҳтимолӣ ба эътибор гирифта мешавад. принсипи зерин асоси роҳбарикунандаи мурофиаи ҷиноятӣ эътироф гаштааст, ки бевосита дар ҳама марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ, дар ягонагӣ ва пайвастагӣ бо мазмуни дигар принсипҳои мурофиавии ҷиноятӣ амал мекунад ва ба роҳбарӣ гирифта мешавад.

Дар моддаи 9 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пешбинӣ шудааст, ки ҳеҷ касро худсарона дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест. Ин меъёр дар моддаи 20 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дарҷ гардидааст: “Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад ”

Мақолаи мазкур аз ҷониби волонтёри гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор”-и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд – Раҷабов Фарҳодҷон дар доираи нақша-чорабиниҳои “10-рӯзи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон навишта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here