Санаи 28 апрели равон бо иқдоми гуруҳи волонтерони “Ҷавонони ташаббускор”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аксияи экологии “Якҷоя муҳитро ҳифз мекунем” гузаронида шуд. Аксияи мазкур аслан аз рӯи нақша санаи 21-уми апрел бахшида ба  Рӯзи пойтахт ва Рӯзи Замин гузаронида мешуд, аммо аз сабаби боридани борони шиддатнок ба санаи 28 апрел гузаронида шуд.

Мақсади асосии аксия ин тоза сохтани ҷойҳои ҷамъиятӣ аз партовҳои маишӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси дустдории табиат мебошад.

Пеш аз эълон кардани аксия мо дар сомонаи Ташкилот ва инчунин дар саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонро ҷойгир карда, пешниҳод карда будем, ки хоҳишмандон метавонанд дар аксияи мазкур иштирок намоянд, агар ҷойҳои ҷамъияти олудаи партовҳои маиширо донанд ба мо акси онро гирифта равон намоянд, ё ин ки бо хештеги #муҳитро_ҳифз_мекунем; #защищаю_окружающую_среду; #protecting_the_environmint (бо якеи аз инҳо) дар саҳифаи шахсиашон дар Фейсбук ҷойгир намоянд. Аз расмҳои равон шуда мо хиёбони Бобоҷон Ғафуров (назди пули(мости) 84 мкр)-ро интихоб карда, он ҷойро аз партовҳои маишӣ  тоза намудем.

Ҷавонони ташаббускор бо шиори “биёед, баҳри тозагиву ободии шаҳр, Ватан, сайёраамон саҳмгузор бошем” якҷоя хиёбони Б.Ғафуров ва соҳили канали Ҳисорро аз партовҳои маишӣ тоза намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here