Эмомалӣ Мирзоев ҳамоҳангсоз (координатор)-и English Discussion Club дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мебошад. Ӯ дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Фиристода бояд доно бувад…” дар соли таҳсили 2018-2019 аз фанни забони англисӣ иштирок намуда, ҷойи I-ро ишғол намуд.

Аҳли кормандони Ташкилот ва гуруҳи волонтерони “Ҷавонони ташаббускор” Эмомалӣ Мирзоевро, ки яке аз волонтерони фаъол аст, бо ин ғолибият муборакбод мегӯянд ва дар таҳсилу фаъолияти ояндааш муваффақият ва бурдбориҳо хоҳонанд.

Бояд қайд кард, ки Эмомалӣ Мирзоев аз соли 2018 ин ҷониб волонтёри “Ҷавонони ташаббускор”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” буда, дар курси 4-ум дар Донишкадаи Идоракунии Давлатии назди Президенти ҶТ, факултаи муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар Донишкада дар назди Ҷамъияти илмии донишҷӯён маҳфили English Club-ро таъсис додааст. Соҳиби сертификати IELTS Academic (Низоми байналмилалии санҷиши забони англисӣ) бо холи умумии 7.5 / 9 мебошад. Айни ҳол бошад, ҳамоҳангсоз (координатор)-и English Discussion Club дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here