Волонтёрони фаъоли гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “ Дафтари озодҳои шаҳвандӣ” дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд Махмудова Саиднисо, Шарипов Тимур ва Шарипов Манучеҳр дар мусобиқаи байналхалқии “ Accelerator GoGlobal 2030”, ки санаи 1-ум – 3-юми май дар Донишгоҳи Словианӣ русӣ-тоҷикӣ аз ҷониби MyStarta UNDP дар якҷояги бо Communities Program баргузор гардид, бо лоиҳаи “Нони зинда” иштирок намуда соҳиби грант гардиданд.

Дар мусобиқа зиёда аз 50 – нафар аз тамоми Тоҷикистон, азҷумла волонтерони мо иштирок намуда, 26 лоиҳа пешниҳод карданд. Дар давоми 3 рӯз онҳо эҷоди лоиҳаҳо, мубодилаи малакаҳо ва таҷриба омӯхтанд. Дар чорабинии мазкур соҳибкорон ва мутахассисони Русия даъват шуданд, аз ҷумла: Наталя Поротникова, Шариф Кармо, Анатолий Казакевич ва Евгений Кривошеев.

Дар рӯзи сеюм, иштирокчиён лоиҳаҳои худро ҳимоя намуданд ва аз 26 лоиҳа 4 лоиҳаҳои беҳтарин интихоб шуданд, ки дар қатори онҳо лоиҳаи волонтёрони мо низ буд. Онҳо ба давраи финалӣ роҳ ёфта, соҳиби гранти тълимӣ дар ҳаҷми 200 000 рубли русӣ гардиданд. Ин 4 грантҳои таълимӣ барои дастгирии тиҷорати ва машварати лоиҳаро аз MyStarta дар давоми 1 моҳ ба даст меоранд. Онҳо инчунин меомузанд, ки чӣ гуна идоракунии соҳибкорӣ дар ҷаҳон омӯхта мешаванд.

Мо барои фаъолии волонтёронамон мефахрем!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here