Аз санаи 20 ум то санаи 30 юми май дар “ Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “ Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, чорабиниҳои “ 10 рӯзи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба бизнес баргузор мегардад.

Мақсади ин чорабинӣ ҳавасмангардонии ҷавонон дар соҳаи тиҷорат ва фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин фаҳмонидани механизмҳои асосии бозор ва барраси намудани самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ мебошад. Зеро ҷавонон, нақши муҳимро дар ин самт дар Ҷумҳурӣ ишғол менамоянд. Рушди соҳибкорӣ, саноат ва истеҳсолот агар пеш равад, соҳаҳои дигар низ инкишоф меёбад, барои он ки онҳо бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд.

Дар робита ба ин дар муҳлати 10-рӯз ҷавонон ба раванди бизнес дохил шуда самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мефаҳманд ва метавонанд стартапҳои худро созанд. Дар ин чорабини тренингҳо, мастер класс, омӯхтани таҷриба аз соҳибкорони муваффақ ва мутахассисони соҳаи тиҷорат фароҳам оварда мешаванд. Дар давоми 10 рӯз иштирокчиён метавонанд лоиҳаҳои худро тартиб дода пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, дар рӯзи охири чорабинӣ шахсҳои пешниҳод кардаи лоиҳаҳои беҳтарин мукофотонида мешаванд ва аз тарафи мутахассисони соҳаи тиҷорат маслиҳатҳо дода мешаванд. Ичунин дар рӯзи охир форуми дисскусиони баргузор мегардад, ки ҷавонон метавонанд дар доираи лоиҳаҳои худ мубоҳиса кунанд.

Суроға: вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомони 183 ”а”, утоқи 8 “а” (шафати Кохи Рӯдакӣ)

Барои гирифтани маълумоти иловаги ва барои ба қайд гирифтан ба рақамҳои зерин занг занед:

(+992) 92-734-10-05

(+992) 98-775-10-05

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here