Имрӯз 20 майи соли 2019 дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд чорабинии “10 рӯз – ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба бизнес оғоз гардид.

Собиров Сӯҳроб Раббиевич ҳамоҳангсози “Маркази рушди ҷавонон”-и ташкилоти мазкур чорабиниро оғоз кард ва ҷанбаҳои асосии 10 рӯзи ояндаро муаррифӣ намуд. Сипас Махмудова Саиднисо ва Шарипов Тимур дар бораи дурнамои асосии рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин фаҳмониданд. Ҷавонон дониши худро дар ин мавзӯъ мубодила карданд ва дар соҳаи бизнес бисёр донишҳои нав гирифтанд. Баъди тренинги мазкур, бо иштирокчиён бозии «Рақобат дар бозор» гузаронида шуд. Ҷавонон ба раванди истеҳсолот, инчунин харид ва фурӯш, қисматҳои бозор барои таъмини талабот дохил карда шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 нафар иштирок карданд. Қисми тренинг дар шакли мубоҳисаи озод гузашт, ки яке аз амалҳо ба малакаҳо ва эҷодиёти худи иштирокчиён вобаста буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here