Имрӯз марҳилаи дуюми чорабинии “10 рӯзи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба бизнес баргузор гардид. Рӯзи дуюми тренинг ба фаҳмидани мушкилот ва ба омилҳои асосии он равон шуда буд. Ҷавонон ба се гурӯҳ муттаҳид шуда, тамоюлоти рушд, инчунин муаммоҳо дар риштаи экология, таълим ва ҳуқуқҳои инсонро дида баромаданд. Методология барои гузаронидани чунин омӯзиш дар шакли муҳокимаи кушода буд, тренер Туракулова Шахноза ки дар он ҷо чунин моделҳои муайянкунии мушкилот, чун “Дарахти мушкилот” ва “5 сабабҳои барои чӣ”-ро истифода бурд. Ҳамчунин тренинг қисмати амалиро низ дошт, ҷавонон дар варақаҳо 3 мушкилотро дида баромаданд.

Дар имрӯза тренинг иштирокчиён ба корҳои гурӯҳӣ бештар ҷалб карда шуданд. Баъди қисмати таълимӣ ҷавонон бо бозии машҳури «World Café Game» машғул шуданд. Мақсади бозӣ дар он буд, ки иштирокчиён, оид ба 3 самтҳои дар боло зикршуда фикрҳои худро мубодила намоянд. Дар охир ҳар як гуруҳ мавзуи лоиҳаҳои ояндаи худро интихоб намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here