Имрӯз 22 майи соли 2019 сеюм рӯзи чорабинии “10 рӯз ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба бизнес дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” баргузор гардид. Дар рӯзи сеюм Фахриддин Фузайлов мутахассис оиди кор бо ҷавонон, инчунин яке аз волонтери фаъол Шарипов Рахматулло дар бораи асосҳои қонунгузорӣ дар тиҷорат суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин бо ҷавонон бозиҳои ҷолиб ва шақовар гузаронида шуд. Баъд аз ин менеджер оид ба PR дар “Маркази рушди ҷавонон” Шарипов Тимур семинар оид ба мавзӯи “Соҳибкории иҷтимоӣ” баргузор намуд. Баъдан ҷавонон бозии интелектуалии “Brainstorm” гузарониданд, ки дар он фикру ақидаи худро баён карда, ба рушди лоиҳа саҳм гузоштанд. Дар натиҷа пешниҳоду фикрҳои ҷавонон байни гурӯҳҳо мубодила шуданд.

Ҳамаро бо иди ҷавонон табрик менамоем!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here