Имрӯз дар “Макрази рушди ҷавонон”- и назди Филиали Ташкилоти ҷамъияти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар шаҳри Хуҷанд чорум рӯзи “ 10 рӯзи- ташаббус, таълим ва таҷриба”оид ба бизнес гузаронида шуд. Дар қисми якум Шарипов Тимур менеджер оид ба PR тренинг дар бораи Start-up сухан намуд, ва фарқияти Start-up ва бизнесро фаҳмонд. Шарипов якчанд тиҷорати бо муваффақи ҷаҳонро мисол овард. Пас аз он дар қисми амалӣ иштирокчиён дар гурӯҳҳо кор карданд. Вазифаи онҳо оиди фаҳмидани фикру ақидаи мизоҷонашон буд, машғулият бо истифодаи пурсиш гузаронида шуд. Пас аз он харитаи мизоҷони худро сохтанд.
Дар қисми дуюми тренинг дар бораи сохтани прототипи маҳсулот ва хизматасонии бизнес, инчунин дар бораи Landing pige гузаронида шуд. Айни замон дар тамоми дунё тамоюли Landing pige машҳур мебошад. Дар тренинг ҷавонон фаъолона интирок карданд, ва ба онҳо методи “Landing pige”, ки яке аз роҳҳои пешбарии стартап мебошад, хеле писанд омад. Вазифаи хонагӣ барои иштирокчиён сохтани прототипи сайташон дар платформаҳои Wix.com ва Tilda.cc муайян гардид. Бо ин онҳо метавонанд фикру ақидаашонро оид ба бизнес дар интернет пешбаранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here