Имрӯз дар “Макрази рушди ҷавонон”- и назди Филиали Ташкилоти ҷамъияти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар шаҳри Хуҷанд, панҷум рӯзи “ 10 рӯзи- ташаббус, таълим ва таҷриба”оид ба бизнес гузаронида шуд. Оғози панҷум рӯз бо вохӯрӣ бо Шарипов Манучехр донишҷӯи ДДБҲСТ ва стартапери муваффақ гузашт. Шарипов дар бораи чи хел стартапи худро сар кардан ва ҳавасманд кардани иштирокчиён барои сар кардани стартапҳои худ сухан намуд.

Сипас, Ҷабборова Мухбира корманди Ташкилоти ҷамъияти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар мавзӯи “Social Media Marketing” тренинг гузаронд. Ӯ назарияи “Social Media Marketing”-ро гуфта гузашт ва омори шабакаҳои иҷтимоиро ки дар ҷаҳон истифода мебаранд нишон дод.

Баъд аз тренингҳо иштирокчиён бо лоиҳаҳои худ кор карда ва прототипҳои фикрашонро иҷро карданд. Имрӯз иштирокчиён хеле кушиш намуданд. Дар охири корашон иштирокчиён барои рафъи хастагӣ бозиҳо гузарониданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here