Имрӯз дар “Макрази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъияти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҳафтум рӯзи “ 10 рӯзи- ташаббус, таълим ва таҷриба”оид ба бизнес гузаронида шуд. Аввал Ҷабборов Шамшод донишҷӯи курси 3-юми ДДҲБСТ дар бораи “Асосҳои андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро фаҳмонид. Ҷабборов ба иштирокчиён мафҳуми андоз, намудҳои андоз дар Тоҷикистон ва барои чи андоз лозим буданашро гуфта гузашт.

Махмудова Саиднисо менеҷер оид ба PR тренинг оид ба «Evaluator pitch» гузаронид. Махмудова чи хел дар як дақиқа, дар назди инвесторон муаррифӣ кардани лоиҳа ва чи тавр бо онҳо сухан гуфтан фаҳмонид.

Дар охир тренингро Шарипов Тимур дар бораи чи тавр сохтани презинтатсия доир намуд, ва фарқияти презинтатсия барои инвесторон ва презинтатсияи оддиро фаҳмонд. Шарипов хатогиҳоеро, ки бештар дар презинтатсия мекунанд қайд намуда, чи тавр онҳоро пешгирифтанро омӯзонд.

Дар охири рӯз иштирокчиён, дар “Макрази рушди ҷавонон” бозиҳои гунонгун карданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here