Бахшида ба “Рӯзи байналмилаллии ҳифзи кӯдакон” Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” озмуни кашидани расми беҳтарин оид ба мавзуи “Ман ҳуқуқҳоямро тасвир мекунам” эълон карда буд. Иштирокчиёни озмун кӯдакону наврасони аз синни 3 сола то 18 сола буда, озмун тӯли як моҳ давом кард ва дар он 367 нафар иштирок карданд ва 477 расм қабул карда шуд.
Озмун санаи 25 май ҷамъбаст гардида санаи 29 май аз тарафи ҳакамони салоҳиятнок дида баромада шуд ва ҷойҳо муайян гардиданд.
Ҳайати ҳакамонро ташкил медоданд:
Галеев Фуат Явдатович – муаллими санъати тасвирии мактаби тасвирии кудакона ба номи М. Аминзода.
Фредирике Бер – намоянда аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе
Бобоева Уғулой – ҳуқуқшинос, Адвокати Коллегияи адвокатҳои №1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Санаи 1 июни соли равон дар кинотеатри “Ватан” Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо ҳамкории Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Фонди ҷамъиятии “Ташаббусҳои ҳуқуқӣ” ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе намоиши расмҳои озмуни кашидани расми беҳтарин дар мавзуи “Ман ҳуқуқҳоямро тасвир мекунам”-ро баргузор намуд. Дар намоиш зиёда аз 400 нафар тамошобинон ширкат варзиданд. Баъди намоиш дар толори кинотеатр баъди сухонони табрикотии Сарвари иҷроияи Ташкилот Дилрабо Самадова, эълони ҷойҳои ишғол кардаи иштирокчиён ва маросими тӯҳфасупорӣ оғоз гардид.

Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон байни иштирокчиёни синни аз 3 то 10 сола,
Ҷойи 1 – Исомова Ромина
Ҷойи 2 – Муҳаммадиева Фаришта
Ҷойи 3 – Ачилова Сабрина гирифтанд.

Байни иштирокчиёни синни аз 11 то 18 сола бошад,
Ҷойи 1 – Муминова Мадина
Ҷойи 2 – Мухитдинова Диана
Ҷойи 3 – Ваҳобова Лайло ишғол карданд.

Инчунин кулли иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо итихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуданд. Баъди тӯҳфасупорӣ барои кӯдакон филми тасвирӣ пахш гардид.
Ташкилкунандагон барои мусоидат намудан ба гузаронидани намоиши мазкур ба Муассисаи Давлатии “Тоҷикфилм”, кинотеатри “Ватан” ва барои таъмини бехатарӣ ба ШВКД н.Шоҳмансур – 1 миннатдории худро мерасонанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here