Санаи 9-уми июни соли 2019 дар “Макрази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъияти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ҷамбасти озмуни “Ман ҳуқуқҳоямро тасвир мекунам” баргузор гардид.
Ба ҷамбасти озмун зиёда аз 40 нафар иштирокчиён ҳамроҳи бо волидайношон омаданд. Дар вақти ҷамъбаст ба ҳамаи иштирокчиён, аз ҷумла ғолибони озмун Муминова Мадина, Очилова Сабрина сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Сипас, филми тасвирии “Шаҳри қаҳрамонон” ройгон намоиш дода шуд.
Барои чи маҳз ҳамин филми тасвирӣ ба намоиш гузошта шуд? Барои он, ки дар ин филми тасвирӣ арзиши оила, дӯстӣ ҳақиқӣ, бахшидан, муттаҳидӣ бо оила ва дӯстони худ ва ҳеҷ гоҳ аз ягон кас қаст нагирифтан буд. Дар ҳақиқат дар ҷаҳони муосир ин арзиши асосӣ дарод, эҷоди некӯаҳволии ҷомеа бо ниятҳои нек бебозгашт мебошад. Дар филм, қаҳрамони асоси хоҳиши омӯзиш надошт, вале бародараш бовар кунонд,ки барои ояндаи ӯ дониш хеле муҳим аст. Баъд аз ҳама донише, ки мо хар рӯз ба даст меорем, шахсияти худро инкишоф медиҳем ва ҷаҳонбиниамонро васе менамоем. Филми тасфири хело шавқовар буд, ки ҳатто волидайнҳо ҳам бо хохиш тамошо карданд. Дар маҷмӯъ  бачаҳо аз ин чорабинӣ хело хушҳол шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанд вақт пеш озмуни кашидани расми беҳтарин дар мавзӯи “Ман ҳуқуқамро тасвир мекунам” эълон карда будем.  Санаи 25-уми майи соли равон озмун ҷамбаст гардид, ки дар он 367 нафар иштирок намуда, 477 расм пешниҳод намуда буданд. Пас он санаи 1-уми июни соли 2019 дар кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе намоиши расмҳои озмуни кашидани расмҳои озмуни мазкур баргузор гардида буд. Дар намоиш зиёда аз 400 нафар тамошобинон ширкат варзиданда буданд.

Хулоса: бояд зиёдтар хамин тавр намоишхои филми тасвири барои кӯдакон ва волидайн ташкил карда шавад, чи хеле ки пас аз кор хатто волидайн мехоҳанд ормона дар чойи тасаллӣ бо ҳамроҳи кудаконашон филми тасвириро тамошо кунанд. Дар натиҷа муносибати байни кудакон ва волидон мустаҳкам мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here