Дар давоми соли равон “Ҷавонони ташаббускор” бо пирӯзи ва дастовардҳои худ дар тренингу озмунҳои гуногун иштирок намуда моро хело хурсанд мекунанд. Яке аз ғолибияти нави ҷавонон дар озмуни “Хакатон” мебошад, ки рӯзҳои 8-ум то 10-уми июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд дар “American Space Khujand” баргузор гардида буд мо соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Аслан Хакатон чӣ? Хакатон калимаи англисӣ hackathon – яъне hack – шикастан ва marathon – марафонест, ки дар он мутахассисон дар самтхои гуногун (барномасозӣ, дизайнерӣ, менеҷерӣ) якҷоя бо ҳалли ягон проблема кор мекунанд. Имрӯз, хакатонҳо ба хакерство дохил не, онҳо танҳо марафон барои барномасозӣ мебошанд.

Дар Хакатон  30 нафар иштирокчиён буданд, ки онҳоро ба 12 даста муттаҳид карданд, дар байни онҳо  якчанд волонтёрон ва коргарони Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Ҷабборова Мухбира, Маҳмудова Саида, Нозимова Сайфура ва Қобилзода Нафиса буданд.

Ҷавонон дар давоми 2 рӯз дар тренинг иштирок намуда, бо лоиҳаҳои худ кор мекарданд. Тренерҳо соҳибкори муваффақ Ёрматон Фирдавс роҳбари ширкати Doodle дар бораи барномасозӣ ва эҷоди сомонаҳо муаррифӣ кард ва корманди бонки Имон Интернешнл Дилафрӯз Мамаҷонова дар мавзӯи “Бизнес нақша” тренинг гузашт. Дар охири дуюм рӯз иштирокчиён лоиҳаҳои худро муаррифӣ карданд ва дар дастахое, ки Қобилзода Нафиса ва Ҷабборова Мухбира иштирок карданд ҷойҳои якум ва сеюмро ишғол карданд.

Қобилзода Нафиса ва Ҷабборова Мухбира-ро аз таҳти дил табрик менамоем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here