17 майи соли 2019 Ассотсиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандии “АРГО” барои ҷомеаи шаҳрвандӣ озмуни “Amazing People – одамони ояндасоз”, ташкил намуд ки дар он ташкилотҳо аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” иштирок намуд ва аз байни 20 ташкилотҳои манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои намоён гардид. Пас аз ин, ташкилоти мо ба конфронси байналхалқии Алмаато даъват карда шуд. Яке аз намояндагони мо, Муҳаммаҷон Шарипов дар он ширкат варзид ва ташкилоти мо, яъне “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”-ро  маррифӣ намуд.

Ин фестивали инноватсионӣ аз 10-умин конфронсӣ байналхалқии “Таърихи рушд: аз назари дохилӣ” оғоз шуд. Он барои муколамаи намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои давлатӣ ва тиҷорати хизмат мекард. Конфронс аз тарафи Ассотсиатсияи рушди ҷомеаи шаҳрвандии АРГО / ARGO бо ҳамроҳи барномаи Р4I бо дастгирии молиявии Агентии Амрико оид ба рушди байналхалқии USAID ташкил шуд.

Ҷамила Асанова, раиси АРГО иштирокчиёнро пешвоз гирифт.

Ба Алмаато 250 нафар иштирокчиён аз 15 шаҳри Осиё ва аз Амрикои Лотинӣ омаданд.

Меҳмонони махсуси конфронси 10-уми байналхалқии “Таърихи рушд: аз назари дохилӣ” собиқ президенти Қирғизитон (нахустин презиндент зан Осиёи Миёна) Роза Атунбаева ва Олжас Сулейменов, шоир ва нависанда, Директори Маркази таблиғи фарҳангии ЮНЕСКО буданд.

Дар охири якум рӯзи конфронси 10-уми байналхалқии “Таърихи рушд: аз назари дохилӣ” иштирокчиён ба ҳафт гурӯҳи қолаби махсусгардонида шуда муттаҳид шуданд.

Муҳаммаҷон Шарипов намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, дар конфронс оиди гуруҳи “Ҷавонони ташаббускор”-и  ташкилоти мазкур сухан намуд. Шарипов дар вақти суханронӣ оиди фаъолияти ташкилот, “Маркази рушди ҷавонон”-и он қайд намуда гуфт, ки ҳар сол аз ҷониби ташкилот лагер ва мактабҳои тобистонаву зимистона ташкил ва гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар “Маркази рушди ҷавонон” бозии кории мурофиаи судӣ, мубоҳиса, бозиҳои интелектуалӣ, семинар-тренингҳо барои фаъолгардонии ҷавонон гузаронида мешаванд, гуфт Шарипов.

Аз байни 250 нафаре ки баромад намуданд танҳо 20 нафар бо сертификат сарфароз гардиданд, ки яке аз онҳо намояндаи мо Шарипов мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here