Ташкилоти ҷамъиятии “Апейрон” бо дастгирии UNFPA семинари 3 рӯза оид ба пешгирии ВНМО дар байни гурӯҳҳои асосии аҳолӣ, дар асоси ҳуҷҷати “Дастгоҳи барномави барои батанзимдарории ВНМО ва муҳофизати саломатии ҷинсӣ ва репродуктивӣ бо ҷавонон аз гурӯҳҳои асосии аҳолии Аврупои Шарқӣ ва Осиеи Марказӣ. Саломатӣ. Ҳуқуқ. Некӯаҳволӣ” барои ташкилотҳои ҷамъиятии “Сарчашма”, “Садоқат”, “Гурдофарид”, “Отифа”, “АСТИ” ва “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ташкил намуданд.

Мақсади семинари мазкур зиёд намудани маълумот нисбати инфексияи ВНМО ва сироятёбии он бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда (СРАҶГ) байни ҷавонони гурӯҳҳои асосӣ буд.

Аз рўи таҳлилҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва ЮНЭЙДС, дар охири соли 2016 дар ҷаҳон 36,7 миллион нафар ба ВНМО гирифтор шуданд. Дар ҳамон сол тақрибан 1,8 миллион нафар ба инфексияи ВНМО гирифтор шудаанд ва 1 миллион нафар бо сабабҳои вобаста бо ВНМО фавтиданд.

На ҳамаи одамон маълумоти дуруст оид ба ВНМО/БПНМ доранд:

ВНМО чист?

Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ҳуҷайраҳои системаи иммуниро заиф намуда, функсияи онро вайрон ё нобуд месозад.  Вирусхои инфексионӣ боиси босуръат таназзул ёфтани системаи иммунӣ гардида дар натиҷа ба “норасоии масуниятӣ” меорад. Низоми иммунӣ норасогӣ ҳисоб мешавад, вақте ки аз иҷрои нақши худ дар мубориза бо сирояткунанда ва бемориҳо иҷро карда наметавонад.  Вирусҳое, ки бо норасоии масуниятӣ алоқамандӣ доранд, ҳамчун “вирусҳои оппортунистӣ ” маъмал ҳастанд, зеро онҳо “аз имкониятҳои” норасогии системаи иммунии суст истифода мебаранд.

СПИД чист?

Бемории пайдоиши норасоии масуниятӣ (СПИД) — ин истилоҳ танҳо барои охирин мархилаи инфексияи ВНМО истифода мешавад. Барои он пайдоиши беш аз 20 намудҳои саратон, ки вобаста ба ВНМО аст, хос мебошад.

Чӣ тавр ВНМО мегузарад?

ВНМО метавонад тавассути алоқаи ҷинсии бефосила (мавриди алоқаҳои ҷинсии ҳифзнашудаи хелҳои гуногун) бо шахси сироятшуда;гузаронидани хуни сироятшуда;тавассути сӯзандоруҳо ва дигар асбобҳои тези тамизнашуда. Инчунин аз модар ба навзод ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ҳангоми ширмакконӣ (шири пистон).

Оё дорувори аз ВНМО вуҷуд дорад?

Не, дору аз ВНМО вуҷуд надорад. Вале дар ҳолати дуруст ва риояи муқаррароти нисбати антиретровируси табобати пешравии ВНМО дар бадан метавонад суст ва қариб то пуррагӣ қатъ гардад. Комилан бештар ва бештар одамон бо ВНМО, ҳатто дар кишварҳои бо сатҳи пасти даромад қарор дошта, метавонанд ҳолати саломатии хуб ва самаранокӣ дар тӯли муддати дароз бинанд. СҶТ табобатро барои ҳамаи одамони мубталои ВНМО, инчунин барои касоне, ки хавф дорад, тавсия медиҳад.

Дар ин 3 рӯз иштирокчиени семинар нигоҳ ва ақидаҳои худро оид ба ВНМО/БПНМ иваз намуданд. Тренерон Содиқов Қурбоналӣ Эргашеевич, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ТҶ “Ҳамроҳ” ва Муниева Саида Ҳамроқуловна мудири кафедра дерматовенерология буданд. Тренерон, мутахассисони соҳа буда, онҳо бо забони одди ба ҳамаи мо фаҳмонидан ва бо истифодаи бозиҳои гуногун аз ҷумла, бозиҳои равони дониши моро мустаҳкам  карданд. Албатта, аз як тараф, ба мо каме вазнин буд, зеро мо дучорӣ ин нашудаем ва дар семинарҳо оид ба ин мавзуъ иштирок накарда будем. Ин барои мо нав буд. Онҳо ба мо фаҳмониданд, ки ВНМО барои ҷомеа хатарнок нест ва  одамон набояд аз шахсони гирифтори ВНМО/БПНМ дурӣ ҷӯянд, табъиз накунанд, мо бояд онҳоро дастгирӣ карда ва ба онҳо фаҳмонем, ки ҳаёт бо ин тамом намешавад. Ҳатто зане, ки гирифтори ВНМО/БПНМ аст, кӯдак таваллад кардаметавонад ва 50% таносуби он, ки ӯ солим бе сирояти ВНМО мешавад, ҳаст.

Хулоса: Семинари мазкур хеле фоиданок буд. Якчанд бозиҳое буданд, ки ба дар он мо фаҳмидем, ки шахсони ба ВНМО гирифтор шуда худро чӣ тавр ҳис мекунанд ва чӣ тавр онҳоро дар ҷамъият табъиз мекунанд. ВНМО/БПНМ тавассути оғуш кардан, истифодаи зарфҳо ва ҳатто бӯса намегузарад. Шахсоне, ки ба ВНМО гирифтор шудаанд, зиндагии комил ва ҳатто 20-30 сол бо истифодаи дорувориҳо умр ба сар мебаранд. Мо набояд шахсоне, ки ба ВНМО гирифтор шудаанд аз худ дур созем, баръакс онҳоро дастгирӣ кунем, умед ба зиндагӣ диҳем ва фаҳмонем, ки ин охири дунё нест.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here