Иштирокчиёни «10 рӯзаи ташаббус таълим ва таҷриба» оиди бизнес, ки аз тарафи волонтёрони гуруҳи «Ҷавонони ташаббускор» дар назди Филиали Ташкилоти Ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрванди» гузаронида шуда буд, Абдуллоев Султонбек, Мухамедов Абдуҳаким ва инчунин Охунчонов Сухроб дар озмуни стартапҳо «Стартап Чойхонона VIII» иштирок карданд.
Чорабини аз ҷониби UNDP, Accelerate prosperity ва Startupstan дар шашумин намоишномаи байналхалқии “Суғд Expro 2019”, ки дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд, 21 июни соли 2019 баргузор гардид, ташкил шудааст.
Дар чорабини коршиносони беҳтарин, намояндагони ширкатҳои маъруф дар соҳаи саноат, инчунин хизматрасони иштирок намуданд. Зиёда аз 20 лоиҳаҳои оғозёфта аз тамоми ҷумҳури дар озмуни стартап иштирок карданд.

Дастаи волонтёрони “Чавонони ташаббускор”, ки онро Абдуллоев Султонбек роҳбарӣ карда буд, лоиҳаи худро ба филтери арзон ва дастраси обтаъминкунӣ, ки баъд аз боришот чамъ мешавад ва тақсимоти он ба минтақаҳое, ки ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд, пешниҳод намуданд. Модели бизнес ин системаи миқёси аст, ки мушкилоти маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ барои дастрасӣ ба обро фаро мегирад. Умуман, дар озмун якчанд лоиҳаҳои шавқовар ва ғояҳо чолиб ширкат варзиданд. Дастаи ҷавонон таҳияи лоиҳаи худро идома медиҳанд, инчунин бо сармоягузорон минбаъд хамкори мекунанд. Барои дастгири ва рушди лоиҳа сохибкорон хохиши худро изхор намуданд.

Руз бисёр хам пурмахсул буд !!! Хурсандиовар аст, ки ҷавононе, ки дар соҳаи иқтисодиёт рушд мекунанд, ақида ва лоиҳаҳоро барои беҳбуди ҳаёти ҷомеа пешбари мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here