Клуби мубоҳисавии “DC” дар назди “Маркази рушди чавонон”-и Филиали Ташкилоти чамъиятии “Дафтари озодихои шахрванди” дар вилояти Суғд дар ш. Хуҷанд, 25 июли соли равон дар American Space Khujand ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи мубоҳиса баргузор кард. Дар мусобиқаи мубоҳиса намояндагон ва донишҷӯёни марказҳои забономӯзии ш. Хуҷанд ва шахру навохии вилояти Суғд иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа 32 нафар иштирокчӣ – 8 даста, аз ҷумла 8 марказҳои забономӯзӣ, аз қабили Arkon, Dono, Shakespeare, London, American Space, Ҷаҳонро биомуз, Bismart ва Sirius иштирок намуданд.

Мусобиқаи мубоҳиса дар 3 давр бо шаклии оддии мактабҳои баҳсҳои омӯзишӣ – Карл Поппер, бо забони англисӣ гузаронида шуд.


Ҳайати ҳакамонро 5 нафар мубоҳисони ботаҷриба ва донандаи забони англисӣ – Дилрабо Шукри, Мухбира Ҷабборова, Лэйла Раҳмонкулова, Ҷефф ва Шарипов Тимур ташкил медоданд. Мубоисаҳо хеле бошиддат ва динамикӣ буданд, пас аз ҳар як давр иштирокчиён бо қувваву нерӯи нав бозиро оғоз мекарданд. Ҳамаи қарорҳо ба техника, технологияҳои нав ва ақли сунъӣ алоқаманд буданд. Дар натиҷа, ҷавонон пас аз чунин бозиҳои бошиддат хаста шуданд. Ғолибон эълон шуданд! Ғолибони мусобиқот дастаи American Space ва ҷойи дуввумро дастаи маркази забономӯзии Arkon соҳиб шуданд. Ғолибони озмун аз ширкати Tcell бо тӯҳфаҳои беҳтарин ва сертификат мукофотонида шуданд. Иштирокчиёни дигар низ бо шаҳодатнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Фурқатзода Зебо – сухангӯи беҳтарин бо услиби хоси худ эътироф шуд.
Мубоҳиса бо муваффақона гузаронида шуд! Ҳар як иштирокчӣ барои худ дониши нав дар соҳаи техника ва технология гирифт, малакаи худро равнақ дод ва инчунин дустони нав пайдо намуд. Мубоҳиса ин танҳо баҳси ду тараф нест, ин бештар аз он аст. Ин идораи эҳсосот, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, шиносоии нав, малакаҳои суханварӣ, худшиносӣ, фикрронӣ ва таҳлил, таҷрибаи бузург аст.
Сипосгузориамонро ба кулли иштирокчиёни ин мусобиқа мерасонем. Мо, Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ба Шумо муваффақиятҳои беназир фатҳи қуллаҳои баланд ва бештар дар чунин мусобиқаҳои мубоҳиса иштирок намуда ғолиб шуданро таманно дорад!!! Клуби мубоҳисавии “DC” барои ҳамаи шумо кушода аст !!!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here