Аз 25 то 28 – уми июни соли 2019, Дафтари барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе, «Alumni worksop» Network by consensus бо хатмкунандагони тренигҳои САҲА дар Варзоб тренинги се руза ташкил намуд.
Дар тренинг Махмудова Саиднисо PR – менеҷжери Филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ва Ноза Зикриддинзода, инчунин Мирзоев Эмомалӣ волонтёрони ташкилоти мазкур иштирок намуданд. Тренинг дар САҲА, оид ба мавзӯи чӣ гуна инкишоф додани ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалб намудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва иҷтимоии кишвар буд. Пеш аз оғози тренинг, ба иштирокчиён вазифа оиди муаррифии мавзуъҳое, ки пештар ба онҳо дода шуда буд пешниҳод гардид. Фикру ақидаи ҷавонони ҳозираро гӯш кардан хело ҷолиб буд. Баъди он, ки иштирокчиён мавзӯъҳои худро муаррифӣ кардан, тренинг оғоз шуд. Тренерҳо дар бораи «корти консептуалӣ» ва дар бораи Қарори 2250-и СММ сухан карданд.
Корти консептуалӣ чист?

Корти консептуалӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки мавзуъро таҳқиқ кунед, муносибати байни мафҳумҳо ва консепсияҳоро омӯзед.
Қарори 2250-и СММ чист?

Дар моҳи декабри соли 2015

Шӯрои бехатарии Созмони Милали Муттаҳид қарори асосии 2250 “Youth, Peace and Security” -ро қабул кард. Шӯрои Амният нақши мусбиеро, ки ҷавонон метавонанд дар пешгирӣ аз низоъ ва ифротгароӣ саҳм гузоранд коркард намуд. Қарори мазкур аз ҷониби Иорс пешниҳод карда шуд ва якдилона қабул гардид. Қарори Шӯрои бехатарии СММ (UNSC) 2250 (2015) асосан бар он асос ёфтааст, ки ҳукуматҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ бо ҷавонон ва иштироки пурраи онҳо дар сулҳу субот, талошҳо барои пешгирии низоъ ва зӯроварӣ мебошад.
Пас аз тренингҳо, ҷавонон ба 5 гурӯҳ муттаҳид шуданд, вазифаи онҳо сохтани харитаи консептуалӣ буд ва ҳар як даста, як ҳалли қарори 2250-ро ба даст оварданд, ва ба нақша гиранд, ки ҷавонон бо қарори 2250 ҳалли худро ёбанд ва чӣ тавр Шӯро ба ҷавонон кӯмак расонида метавонад.
Ва инчунин барои эҷоди видеоӣ барои ҳар як даста бо ҳалли интихобшудаи қарори 2250 дода шуда буд. Умуман, тренинг хеле самаранок буд, бисёр бозиҳои дастаҳо ва вазифаҳо, ки дар он ҷавонон фаҳмиданд, ки чӣ гуна кор кардан дар даста ва фикру ақидаи ҳамдастаашро гӯш кунанд. Ин тренинг аз якчанд тренингҳое, ки САҲА гузаронидаанд, каме фарқ мекунад, дар ин ҷо ҷавонон идеяҳо ва нақшаҳои худро оид ба чӣ гуна фаъол намудани ҷавонони Тоҷикистон ва чӣ гуна беҳтар намудани шароити зиндагии сокинонро гуфта гузаштанд.
Хулоса: Дар давоми ин рӯзҳо иштирокчиён чӣ гуна кор кардан ва фахмидани ҳамдастаи худ ва кор дар як даста муҳим аст. Агар як шахс хато кунад, пас ҳамаи дастаи мазкур ин хаторо бартараф мекунад. Ҳамчунин, онҳо дар бораи Қарори 2250-ум омӯхтанд, ин қарори ҷанбаҳои муҳими пешбарии ҷавонон ва давлат метавонад ба ҷавонон кӯмак расонад, ки ба пешравӣ давлат кӯмак хоҳад расонанд. Ҷавонон ояндаи кишвар ва агар ҷавонӣ инкишоф ёбад, пас табиатан давлат низ пеш меравад!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here