Санаи 29 – уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд, Қаҳвахонаи “Хушбахтӣ” Форуми дискуссионӣ оиди “Фаъолияти хоҷагихои деҳқонӣ (фермерӣ): холати имруза ва дурбинии он ” доир гардид. Дар форуми мазкур намояндагони Парлумон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар ш.Душанбе ва дигар намояндагони мақомотҳои давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар қатори созмонҳои дигари ҷамъиятӣ аз ҷумла намояндагони Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Имомова Зилола ва Фузайлов Фахриддин дар форум иштирок намуданд.
Форуми мазкур бо маблағгузории Дафтари барномаҳои САҲА, ташкил ва роҳандозӣ гардид, ки дар он ҷамбаҳои асоссии вобаста ба “Фаъолияти хочагихои дехконӣ (фермерӣ): ҳолати имрӯза ва дурбинии он” мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён саволу ҷавобҳо ва пешниҳодҳо оиди беҳтар намудани вазъи соҳаи мазкур шунавида шуд. Фахриддин Фузайлов яке аз муаммоҳои асосии соҳаи мазкурро паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии бо хоҷагии деҳқонӣ фаъолияткунанда иброз кард ва оиди беҳатар намуди ин якчанд пешниҳодҳо намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here