Аз санаи 1-ум то 4-уми июли соли равон, дар шахри Конибодоми вилояти Суғд аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони маъюбиятдошта “Дурнамо”, Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонони маъюбиятдошта “Ноил” бо ҳамроҳи барномаҳои дафтари САҲА дар ш. Душанбе ” ва Филиали Ташкилоти Ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” тренинги омӯзишӣ ва бозии кории мурофиаи судии фарогир гузаронида шуд.
БКМСФ чист?
Бозии Кории Мурофиаи Судии Фарогир – ин яке аз машғулиятҳое мебошад, ки дар мактабҳои ҳуқуқшиносон баргузор мегардад ва дар он иштирокчиён дар мурофиаҳои судӣ ё арбитражӣ иштирок менамоянд. ИНчунин шахсони маъюбиятдошта ва шахсони бемаъюбият баҳри фароҳам овардани фарогирӣ, ҳамгироӣ ширкат меварзанд. Дар БКМС Фарогир ҳалли проблемаҳои гуногун оиди масъалаҳои маъюбият бо иштироки шахсони маъюбиятдошта ва бемаъюбият дида мешвад.


Рузи якум тренинг оид ба “Фаҳмиши ҳозиразамони маъюбият” гузаронида шуд. БКМСФ чор руз давом ёфта, се рӯзи аввали он тренингҳо оид ба ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон буда, рузи чорум БКМСФ гузаронида шуд. Дар тренинг, БКМСФ зиёда аз 16 нафар аз ҷумла шахсони маъюбиятдошта ва шахсони бемаъюбият иштирок карданд.
Дар рафти тренинг бозиҳои гуруҳӣ гузаронида шуд, ки ба воситаи он иштирокчиён бо ҳам хубтар шинос ва муттаҳид гардиданд.


Тренерони чорабинии мазкур Некбахти Орзу, Сӯҳроб Собиров, Шарифҷон Баротов, Фируз Шамсиддиновва инчунин намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вафо Сафарзода ва Мирхолиқ Маҳмудов буданд.
Дар чорабинии мазкур тарҷумони забони имову ишора муҳтарам Азамова Заррина ширкат намуданд.
Рузи сеюм шиносои бо рафти БКМСФ буда, баъди гирифтани фабулаи БКМСФ иштирокчиён ба таври қуррапартоӣ ба гуруҳҳо муттаҳид шуданд, ки дар ҳар як гуруҳ 3 нафар шахсони маъюбиятдоштава як нафар шахси бемаъюбият иштирок мекарданд. Рузи чорум бошад, иштирокчиён бо гуруҳҳои худ дар БКМСФ бо маводҳои ҷамъовардаашон баромад намуданд .
Соати 11:30 давраи аввали БКМСФ оғоз гардида, давраи дуюми он соати 14:30 оғоз гардид ва дар даври финалии он дастаи ғолиб муайян гардид.
Бояд қайд кард, ки БКМС Фарогир-и мазкур дар сатҳи баланд бо иштироки фаъоли иштирокчиён гузаронида шуда, дар он иштирокчиён маҳорат ва истеъдоди суханварӣ, далеловарӣ, таҳлил ва истифодаи дурусти қонунгузории худро такмил доданд.

Аксҳо аз ҷониби САҲА гирифта шудааст/ Фаҳод Набиюллоев.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here