15–19 июли соли 2019 БРСММ дар Иссиқ-кӯл лагери эҷодии ҷавонони Осиёи Марказиро ташкил кард. Ҳадафи лоиҳа такмили ҳамгироии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон ва имкониятҳои муносиби корӣ мебошад. Лоиҳа инчунин ба пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ байни ҷавонони кишварҳо дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тавассути муҳокима ва мубодилаи Мақсадҳои рушди устувор (МРУ) 16 ва нақши ҷавонон дар ташкили ҷомеаҳои осоишта, одилона ва фарогир равона шудааст.
Лагери эҷодии ҷавонони Осиёи Марказӣ гурӯҳҳои гуногуни ҷавононро барои иштирок дар семинарҳо, ҷаласаҳои эҷодӣ ва менторӣ дар мавзӯҳои ҷалб ва иштироки ҷавонон, мушкилот ва бартарияти рушди кишвари худ. Лагер инчунин ба иштирокчиёни ҷавон имконият фароҳам овард, ки малакаҳои байнишахсӣ ва абзорҳои амалиро барои истифодаи оянда истифода баранд ва инчунин дар байни ҷавонони Осиёи Марказӣ пуле таъмин кунанд.
Меҳмонони лагери мазкур Данияр Аманалиев, ҳаммуаллиф ва шарики роҳбарикунандаи гурӯҳи “Ololo” буданд, ки дар бораи тафаккури эҷодӣ ва Ким Марина рӯзноманигор ва менеҷери PR оид ба медиасаводнокӣ тренинг гузарониданд.


Иштирокчиён аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиро дар байни ҷавонон, хатарҳо ва мушкилотҳои бударо дар байни ҷавонон шарҳ доданд ва чораҳои марбут ва таъсирбахши вокуниш ва ҳалли ин масъалаҳо дар шакли маводҳо, ки дар гурӯҳ дар давоми барномаи панҷрӯза бо истифода аз панҷ намуди усули эҷодӣ аз ҷумла, журналистика, кинематография, аниматсия, аксбардорӣ ва мусиқӣ таҳти роҳбарии менторон ва мутахассисони ин соҳа Қадыр Батырканов, Диана Светличная, Болот Алимбоев, Элёр Неъматов, Соната Раҳимкулова ва Зере таҳия шуда, мавриди омӯзиш қарор доданд.
Дастаҳо аз 12 нафар иборат буда, бо интихоби тасодуфӣ муттаҳид карда шуданд. Дар гурӯҳҳо мувозинати гендерӣ риоя карда шуда аъзои даста аз се кишвар омехта карда шуданд, то ки онҳо тавонанд дониш ва малакаи худро бо ҳамгурӯҳонашон мубодила кунанд.


Махмудова Саиднисо иштирокчии дастаи “ARCHA” буда, дар давоми панҷ рӯз даста бо ментораш Диана Светличная муттаҳидона кор карданд. Диана ба онҳо тарзи сохтани маҷаллаҳо, тарзи навиштани мақолаҳо ва тарзи ороиши онҳоро таълим дод. Иштирокчиён бо дастаҳои дигар мусоҳиба карданд. Худи Маҳмудова дар бораи “Қувваи ҷавонон – Ташаббус” мақола навишта, дар бораи ҷавонони ҶТ ва чӣ гуна онҳоро фаъол кардан навиштааст. Инчунин бо коршиносони кишварҳои мухталиф, ки бо ҷавонон кор мекунанд, аз ҷумла Сӯҳроб Собиров ҳамоҳангсози Маркази рушди ҷавонони “Ҷавонони ташаббускор”-и ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мусоҳиба карда, посухҳои ӯро нашр кардааст. Дар охири рӯзи панҷум, ҳама дастаҳо бо маҳсулоти худ баромад карданд. Саиднисо маводи худро нишон дод – маҳз маҷалла, ки дар он тамоми мақолаҳо навишта ва чоп карда шудаанд. Маҷалла бо услуби ҷавонон, бо рангҳои дурахшон, мақолаҳо ва далелҳо ва инчунин аксҳои ҷолибе буд, ки зуд диққати ҷавонон ва хонандагонро ба худ ҷалб мекунад.Инчунин дастаҳои дигар маводҳои худро нишон доданд, гурӯҳи мусиқи суруди “HumanZ” -ро сабт кард, гурӯҳи филм дар бораи баробарии гендерӣ видео таҳия карданд, гурӯҳи аниматсия бошад филми кӯтоҳ дар бораи ҳаёт ва гурӯҳи тасвирӣ дар бораи зиндагиву фаъолияти аҳолӣ расмҳои худро тасвир намуда ба иштирокчиён нишон доданд.

Иштирокчиёни фаъол бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хулоса: дар тӯли панҷ рӯз, ҷавонони се кишвар бесаброна бо маводҳои худ кор карданд ва дар айни замон онҳо дӯстони хуб ҳам гаштанд. Роҳбарон ва менторон ба онҳо хеле возеҳона фаҳмонданд, ки чӣ гуна онҳо метавонанд маводҳои омодакардаи худро ба сатҳи баланд бароранд ва боз ҳам беҳтар созанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here