Оғозан аз санаи 15 то 19-уми июли соли равон семинар оид ба сохтани афзоракҳои мобилӣ YouthMobile шуда гузашт. Чорабинии мазкур бахшида ба рӯзи ҷаҳонии маҳорати ҷавонон аз тарафи ЮНЕСКО Алмато дастгири ёфта, дар ”Маркази рушди ҷавонон”-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии ”Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Тренинг панҷ мақсадҳои расидан ба ҳадафҳои рушди устуворро дар бар гирифта буд, аз ҷумлаи
Мақсади 4: Муҳайёсозии таҳсилоти босифат ва одилона дар давоми зиндагӣ барои ҳама.
Мақсади 5: Муҳайёсозии баробарҳуқуқии ҷинсӣ ва васеъ кардани ҳуқуқҳою имкониятҳои духтарону занон.
Мақсади 8: Мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, шуғли пурмаҳсул ва кори арзанда барои ҳама.
Мақсади 9: Сохтани инфраструктураҳои устувор, мусоидат ба саноатикунонӣ ва навгониҳои пойдор.
Мақсади 16: Мусоидат ба сохтани ҷамъияти сулҳдӯст ва кушода дар доираи манфиатҳои рушди устувор, таъмини дастраси ба адолат барои ҳама ва сохтани ташкилотҳои таъсирнок.

Тренери чорабинии мазкур Хуршед Гулов ва ёрдамчиҳои тренер Мухбира, Нилуфар ва Аъзамҷон буданд. Иштирокчиён бо забонҳои барномасозӣ шинос шуданд, ки ин қадами аввалин барои сохтани афзоракҳои худашон аст. Волонтёрони мо ”Ҷавонони ташаббускор”-ро муаррифи менамуданд, ки мо бо онҳо мефахрем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here