3-уми августи соли равон дар «Маркази рушди ҷавонон»-и назди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд  дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Ҳамсол ба ҳамсол” Y-PEER Тоҷикистон, дар шаҳри Хуҷанд тренинг оид ба мавзӯи «ВНМО чист?» баргузор гардид. Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бевосита ба ҷавонони фаъол ба ташкилии тренинги мазкур кӯмак расонд ва Фахриддин Фузайлов, ассистент оиди кор бо ҷавонон дар ФТҶ “ДОШ” тренингро оғоз карда, ба иштирокчиён тренеронро шинос кард. Тренерҳо ҷавонони фаъол Раҳимова Шарафнисо, Ҷамолова Рухшона ва Манижа Бобоҷонова аз Y-Peer буданд. Албатта мавзуъ каме вазнин аст, аммо духтарон тавонистанд онро ба иштирокчиён хеле хуб фаҳмонанд, онҳо дар маҷмӯъ дар бораи он, ки ВНМО чӣ гуна аст, чӣ гуна сироят мешавад, чӣ гуна он ба бадан ворид мешаванд ва чӣ гуна табобат кардани ВНМО / ВПНМ-ро сухан намуда бо бозиҳои шавқовар фаҳмониданд.Тренинг ба иштирокчиён писанд омад. Барои насли наврас донистани ин гуна бемориҳо ва чӣ гуна огоҳ кардани онҳо барои пешбурди тарзи ҳаёти солим хеле муҳим аст. Инчунин барои иштироки фаъолона дар охири тренинг ба иштирокчиён тӯҳфаҳо эҳдо намуданд.

“Маркази рушди ҷавонон”  ҷавонони ташаббускореро, ки баҳри рушди ҷавонон, пешрафти ҷомеа саҳм гузоштани ҳастанд, дастгирӣ мекунад ва омода аст, ки дастгирӣ кунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here