Имруз гуруҳи ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” аксияи хайривии “Дасти мадад”-ро барои кудакони оилаҳои эҳтиёҷманд оғоз намуд. Фахриддин Фузайлов, Маҳмудова Саиднисо ва Шарипов Муҳаммадҷон ба “Маркази фуруши ашёҳои хониш (Тошхӯҷа Асирӣ)” рафта ба кудакони оилаҳои эҳтиёҷманд дафтар, қалам, ручка, ҷузвдон, пенал ва дигар ашёҳоро, ки ба мактаббачагон лозим мебошад хариданд. Инчунин, фурушандагони маркази мазкур бо хурсанди ба аксияи хайриваии мо кумак намуданд. Онҳо моро барои додани ашёҳо ба кудакони оилаҳои эҳтиёҷманд пагоҳ дар маркази мазкур таклиф намуданд. На ҳама кас барои ёрӣ додан розӣ шуданд, вале хушбахтона бисёри аз фурӯшандагон ба мо самимона ёрии худро дареғ надоштанд.

Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд барои гузаронидани  аксияи хайриявии “Дасти мадад” саҳми худро гузоранд ёки ширкат варзанд, метавонанд ба рақамҳои зерин занг зананд:

+992 92 734 10 05

+992 98 775 10 05

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here