13 август дар шаҳри Хуҷанд, форум дар мавзӯи “Кафолати ҳуқуқ ба таҳсил дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки онро САҲА ташкил намуда буд.
Яке аз ҳамкорони мо, Фузайлов Фахриддин, ассистент оиди кор бо ҷавонон дар ФТҶ “ДОШ”, дар форуми мазкур иштирок намуд ва
дар мавзӯи “Нақши Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар таълим ва тарбияи аҳолӣ” баромад кард. Фузайлов дар баромади худ оиди фаъолияти Дафтари
озодиҳои шаҳрвандӣ дар самти таълиму тарбияи аҳолӣ маълумот дод ва ба саволҳои аз тарафи иштирокчиён пешниҳодшуда посухҳои муайян дод.
Дар ин форум намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти
Суғд, САҲА, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ ва муассисаи таълимии давлативу ғайридавлатӣ ширкат варзиданд. Форум хеле хуб буд.
Ҳамаи иштирокчиён фикрашонро баён карданд, донистани нуқтаи назари онҳо ҷолиб буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here