Тавре медонед, Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аксияи хайриявии “Дасти мадад”- ро оғоз намудааст. Дар ин давра ба мо бисёр одамони хуб кӯмак карданд ва мо хеле хурсандем, ки дар шаҳри мо чунин шаҳрвандони саховатпеша ҳастанд.
Аксияи хайрияии “Дасти мадад” 16 августи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд ва дар шаҳри Истиқлол (Табошар) баргузор мегардад.
Аксияи шаҳри Хуҷанд дар бинои Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, воқеъ дар хиёбони 183 «а», соати 16:00 баргузор мешавад.
Аз Шумо хоҳиш мекунем, ки барои ёфтани кӯдакони оилаҳои ба ашёи мактабӣ ниёз дошта (нимятимон ва ятимони кулл) ба мо кӯмак расонед.
Тамос: +992 92 857 70 75.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here