Имруз аксияи хайриявии “Дасти мадад” баргузор гардид! Мо аксияро дар Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол (Табошар) 16 августи соли 2019, соати 9:00 ва дар шаҳри Хуҷанд соати  16:00 дар Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд гузаронидем.

Ба аксияи шаҳри Истиқлол бачаҳо ҳамроҳи волидайнашон, хешовандонашон ва муаллимони мактаб омаданд. Корманди ТҶ “ДОШ” Муҳаммадҷон Шарипов маросими кушодашавии аксияро  оғоз намуда ба намояндаи Мақомоти иҷроия дар шаҳри Истиклол Гулов Хайём сухан дод, Гулов дар суханронии худ ба ташкилкунандагони аксияи мазкур ва аз ҷумла волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор” барои чунин ташаббус сипоси худро баён кард ва дар баромади худ қайд намуд, ки ҷавонон боз бисёртар чунин аксияҳоро ташкил кунанд, зеро иштирок дар чунин чорабиниҳо ба бачаҳо хурсандӣ мебахшад. Ҳарчанд аксияи мазкур сад дар сад ҳамаи бачаҳоро дар бар нагирифта бошад ҳам, мо тавонистем як қисми бачаҳоро хурсанд кунем.

Дар рафти аксия дар шаҳри Истиқлол 80 нафар соҳиби тӯҳфа ва лавозимоти мактабӣ гардиданд, боз бо онҳо бозиҳои гуногун гузаронида, филм барои тамошо гузоштанд. Волонтерони мо ҳамроҳи бачаҳо викторина гузарониданд, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзида, ба саволҳо ҷавоб дода соҳиби туҳфаҳо гардиданд. Бачаҳо аз иштирок дар викторина бисёр ҳам хушҳол шуданд. Сипас, Фахриддин Фузайлов аз номи ФТҶ “ДОШ” ба намояндаи Мақомоти иҷроия “Сипоснома” барои саҳм ва дастгирӣ барои гузаронидани чорабинии мазкур ва инчунин ба волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор” дар назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои ҳаҳрвандӣ” супориданд. Баъд филми “Роҳ ба хона” ба намоиш гузошта шуд, филм ба бачаҳо хело ҳам писанд омад ва онро боддиқат тамошо карданд. Хурсандии бачаҳо ҳадду канор надошт.

Баъди ҷамъбасти аксияи хайриявии “Дасти мадад” дар шаҳри Истиқлол, мо ба шаҳри Хуҷанд, барои гузаронидани аксияи дуюм баргаштем.

Дар Хуҷанд зиёда аз 70 нафар иштирок доштанд, 39 нафар бачаҳо соҳиби тӯҳфа ва лавозимоти хониш гардиданд, инчунин ба аксия шахсони маъюбият дошта омада фаъолона дар викторина иштирок намуданд ва филми “Роҳ ба хона”- ро тамошо карданд.

Филми мазкур на танҳо ба бачаҳо ва инчунин ба волидайни онҳо писанд омад. Дар охири чорабинӣ иштирокчиёни хурсанду хушҳол рафтаистодаро дида мо ҳам рӯҳбаланд гардидем.

Дар аксияи мазкур барои тӯҳфаҳо ва лавозимоти хониш зиёда аз 5482 сомони сарф карда шуд ва он 119 лавозимоти хониш ва инчунин тӯҳфаҳои иловагӣ барои викторинаро дар бар мегирифт.

Хулоса: Мо хело хурсанд ҳастем, ки чунин волонтёрҳо дорем! Бо ёрии онҳо мо имрӯз аксияи хайраявии “Дасти мадад”-ро дар як рӯз дар ду шаҳр гузаронидем! Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда онҳо то охири аксия ҳамроҳи мо буданд, викторинаҳо ва бозиҳои шавқовар барои хурсандии бачаҳо дар ду шаҳр гузарониданд. Албатта дар аксияи мазкур ба мо одамони хайрхоҳ, соҳибкорон, Дилрабо Шукри барои дарёфти шахсони ниёзманд кӯмаки худро расониданд. Мо ташкилкунандагони аксия  аз  номи кулли кормандони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба кулли шахсоне, ки моро дастгирӣ карданд барои гузаронидани аксияи мазкур ва махсусан ба фурӯшандагони “Маркази фурӯши китоб ва маводҳои таълимӣ” (Тӯшхӯҷа Асирӣ) барои ҷамъ намудани тӯҳфаҳо ва гузаронида аксияи хайриявӣ миннатдории худро мерасонем. Ин натанҳо хизмати мо, балки хизмати шоистаи ҳамаамон мебошад!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here