13 сентябри соли 2019 дар Филиали “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” омӯзиши веб-дизайн оғоз ёфт.

Тренинг бо иштироки 20 нафар ҷавононе, ки довталабӣ карда, аз озмун гузаштаанд,гузаронидашуда истодааст.

Ба ин тренинг на танҳо донишҷӯёне, ки дар ин соҳа таҳсил мекунанд, балки мактаббачаҳо ва донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун, ки хоҳиши бузурги омӯхтани дизайн ва сохтани чизи наву муфидро дар бар мегиранд, иштирок доранд.

Веб-дизайн чист?

Веб-дизайн як шохаи таҳияи веб ва як намуди тарроҳист, ки вазифаҳои он тарроҳии веб-интерфейси корбар барои вебсайтҳо ё веб-барномаҳо мебошад.

Тренингро кӣ ташкил кард?

Тренингро яке аз волонтёрони фаъоли “Ҷавонони ташаббускор” Амирхон Исомадинов, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ташкил кардааст. Амирхон бо ташаббуси худ пешниҳод кард, ки омӯзиши веб-дизайнро оғоз кунад, зеро худаш ба барномасозӣ ва веб-дизайн машғул аст ва мехоҳад маълумоти худро мубодила кунад ва дар рушди ҷавонон саҳм гузорад. Омӯзиши веб-дизайн дар Маркази рушди ҷавонон “Ҷавонони ташаббсчкор” дар доираи як моҳ ҳар ҳафта гузаронида мешавад.

Маркази рушди ҷавонон “Ҷавонони ташаббускор” чист?

Маркази Рушди Ҷавонон “Ҷавонони Ташаббус” дар филиали “ДОШ” дар шаҳри Хуҷанд буда,  ҳама ҷавонон новобаста аз он ки мактабхон, донишҷӯ, коргаранд омада дар чорабиниҳои он иштирок карда, ташаббусҳои худро амалӣ карда метавонанд. Ин ҷоест, ки ҷавонон метавонанд дар ҳама самтҳои фаъолият рушд ёбанд, малакаи худро такмил диҳанд, санъати суханварии худро такмил диҳанд, донишҳои нав гиранд, дӯстони нав пайдо кунанд. Ин фазоест, ки ҷавонон худро озод ҳис мекунанд ва метавонанд эҷод кунанд!

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз ҷавононе, ки мехоҳанд дар рушди ҷавонон саҳмгузорӣ кунанд, хушнуд аст ва омода аст ғояҳои Шуморо дастгирӣ кунад ва дар татбиқи он кумак кунад.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here