Рӯзҳои 28-ум ва 29-уми сентябри соли равон дар Фазои ҷамъиятии ҷавонони назди Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” тренинг оид ба саводнокии ракамӣ шуда гузашт.

Саводнокии рақамӣ? Ин чист?!
Саводнокии рақамӣ маҷмӯаи дониш ва малакаҳоест, ки барои истифодаи бехатар ва самараноки технологияҳои рақамӣ ва захираҳои интернет заруранд.
Саводнокии рақамӣ истеъмоли рақамӣ – истифодаи дурусти интернет барои кору зиндагӣ, салоҳиятҳои рақамӣ – маҳоратҳои истифодаи босамари интеренет ва амниятӣ рақамӣ – асоси амнияти шабакаро дар бар мегирад.


Дар рӯзи якум волонтёронӣ мо фаҳмиданд, ки кадом намуди таҳдидҳои рақамӣ вуҷуд доранд. Онҳо ба ду гурӯҳ муттаҳид шуда матритсаи таҳдидҳоро тартиб дода баромад намуданд.
Рӯзи дуюм мавзӯъҳои ба монанди
• Шабакаҳои иҷтимоӣ
• Муҳандиси иҷтимоӣ

• Алгоритми амалҳои бадкирдор, вақте ки мехоҳад ҳамла кунад
*ҷамъоварии маълумот
*муайян кардани нуқтаҳои таъсиррасон
*иҷрои ҳамла
• Муҳофизати компютер ва телефони мобилӣ
• Чи гуна махфият дар интернет нигоҳ дошта шавад.


Чорабинӣ дар сатҳи олӣ гузашт. Иштирокчиён аз донишҳои азхудкардаашон қаноатманд гардиданд. Тренерон аз фаъол будани волонтёрони мо бисёр ҳам хушнуд шуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here