Фируз Бобоев яке аз волонтёри фаъоли “Ҷавонони ташаббускор”-и назди Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мебошад. Дар давоми як соли волонтёри ӯ худро ҳамчун ҳуқуқшиносӣ ҷавону босавод нишон дод. Соли равон Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси Идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқ хатм намуда ба магистратура дохил шуд.

1-уми октябри соли равон Фируз тренинг оид ба “Ҳуқуқӣ дастрасӣ ба иттилоот”- ро дар Фазои ҷамъиятии ҷавонони ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” гузаронд.

Тренинг ба рӯзи байналмилалии дастрасии ҳамаҷониба ба иттилоот бахшида шуда буд. Иштирокчиёни тренинг волонтёрони “Ҷавонони ташаббускор” ва хоҳишмандон буданд.

Мо бисёр ҳам хушҳолем, ки кӯшишҳои мо самараҳои худро дода истодаанд. Бовари дорем, ки дар оянда ҳам волонтёрони фаъоли мо дар мисоли Фируз чорабиниҳои хешро хоҳанд гузаронд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here