5-уми октябр дар ш.Душанбе, дар Фазои ҷамъиятии ҷавонони назди “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” вохӯрӣ бо волонтёрони нав баргузор гардид.

Дар ин вохӯри беш аз 30 ҷавони фаъол иштирок доштанд. Маҷлисро координатори Фазои ҷамъиятии ҷавонон Шарипов Муҳаммадҷон ифтитоҳ намуда, ҳамаи онҳое, ки ба озмуни интихобӣ гузаштанд, табрик намуда ба фазои ҷавонон хушомадед гуфт. Дар баромади худ ӯ қайд кард, ки Фазои ҷамъиятии ҷавонон барои рушди ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон фароҳам оварда шудааст ва дарҳои ДОШ барои хоҳишмандон ҳамеша боз аст. Ассистенти кор бо ҷавонон Гулсум Қосумбекова бозиҳоро барои шиносоӣ ва ташкили дастаҳо гузаронид. Волонтёрҳо барои худ қоидаҳо тартиб дода ба он имзо гузоштанд. Дарахти умедвориеро низ тартиб доданд, ки дар он кадом чорабиниҳоро мехоҳанд нависонданд.

Баъдан, Дилрабо Самадова Директори иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар бораи Ташкилот; соли ташкилёбӣ, барои расидан ба ҳадафҳо кадом қадамҳоро гузоштааст, ба чӣ ноил гаридааст ва кадом нақшаҳоро дорад сухан карданд. Ба шумо низ ҷолиб шуд? Пас биёед ба таърихи ДОШ каме назар кунем.

 

Ташкилот моҳи октябри соли 2013 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ягона Ташкилот дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои даъватшудагон ва хизматчиёни ҳарбӣ кор мекунад.                        Дар ду самти асосӣ фаъолият мебарад: ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои даъватшудагон ва хизматчиёни ҳарбӣ ва кор бо ҷавонон дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, ки ба фаъолсозӣ ва баланд бардоштани нерӯи ҷавонон нигаронида шудаанд”.

Пас аз он Муҳаммадҷон Шарипов дар бораи гурӯҳи «Ҷавонони ташаббускор» сухан ронд. Мо кадом чорабиниҳо, тренингҳо, аксияҳо ва нақшаҳо дорем. Волонтёрон хело шавқманд гардиданд, чуноне ки мегӯянд, таассурот аз вохӯрии аввалин дар тӯли умр дар ёд мемонад. Мо тавонистем волонтёронро мутаассир кунем ва хеле хурсандем, ки сафи ҷавонони ташаббускор меафзояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here