Бо ташаббуси волонтёри “Ҷавонони ташаббускор” Саодат Усмонова ва бо дастгирии Клуби мубоҳисавии “Face to Face”, Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, хатмкардагони FLEX дар Тоҷикистон ва Академияи кӯдаконаи футболи шаҳрӣ 6-уми октябри соли 2019 мусобиқаи мубоҳисавии хайриявӣ баргузор гардид.

Вақтҳои охир, бисёре аз мо шумораи афзояндаи ҳайвоноти бесоҳибро дар шароити даҳшатноки зиндагӣ мушоҳида кардем. Мо хеле хушҳолем, ки ин мусобиқа як майдони ҳамкориҳои шахсони ҳамфикр буд ва ба ҷавонон имконият дод, ки арзиши ҳаёти ҳайвоноти бесоҳибро аз дигар ҷиҳат бубинанд.

 

Маблағи умумии аз мусобиқа ба даст омада 525 сомониро ташкил дод. Маблағи мазкур барои кӯмак ба фонди ҳайвоноти бесоҳиб, ки таҳти роҳбарии Фаришта Хайдарова қарор дорад, равона хоҳад шуд. Инчунин, дар рафти мусобиқа қуттии хайриявие буд, ки хоҳишмандон маблағи дилхоҳро ба фонди мазкур хайр карда метавонистанд.

 

Ва, албатта ки, ҷойҳо!

Ҷойи аввал:

Томирис Шарипова ва Нуриддин Эшонқулов

Ҷои дуюм:

Раҷаб Сангинов ва Бахтиёр Қурбонов

Ҷойи сеюм:

Тимур Тимерханов ва Мирзоев Сафиаллох

Сухангӯи беҳтарин:

Раҷаб Сангинов

Довари беҳтарин:

Фирӯз Ёгбеков

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here