Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН МЕНАМОЕМ.

Бо суханони зерин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад. Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд. Аз 10 бобу 100 модда иборат мебошад.

“Конститутсияи Тоҷикистон ифодагар ва инъикосгари воқеияти давраи истиқлолият ва озодии кишвари мо, рушди давлат ва пешрафти миллати мутамаддини тоҷик мебошад. Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”,- таъкид дошт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш.

Нақши Конститутсия дар ҳаёти кишвар чӣ гуна аст?
Нақши Конститутсияи дар он аст, ки тартибот ва созмонро ба ҳаёти ҷамъиятӣ меорад, муносибатҳои инсониро бо давлат ба танзим медарорад ва мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян мекунад.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ҳамаи шаҳрвандони кишвари азизамонро бо иди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯяд!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here